Озмуни “Бонуи беҳтарини ҳизб”

2023-03-17

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, озмуни “Бонуи беҳтарини ҳизб”-ро байни бонувони ҳизбии касбу кори гуногун доир намуданд.

Дар ин чорабинии идона муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истарвшан ва занону бонувони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

Аз ҷониби иштирокдорон зикр кард, ки Наврӯз иди баҳору сарсабзӣ, рӯзи эҳёи табиат, айёми рустану шукуфтанҳо, замони дурахши дубораи умедҳо, ормонҳо ва орзуҳо, соати баробар шудани шабу рӯз, фасли бедории дилҳо, ҷашни меҳрубонӣ, якдилӣ ва саховату бахшиданҳост. Наврӯз он қадар ҷашни табиӣ ва тавъам ба руҳу равон ва тану ҷон аст, ки ҳамагон онро дӯст медоранд ва интизори қадамҳои сабзаш мебошанд.

Шоираи соҳибзавқ Раънои Зоирдухт андар ситоиши Наврӯз зикр намуд, ки ҳар чӣ оид ба таърихи зуҳури ин ҷашн навиштаанд ё медонему шунидаем, албатта муҳим аст, аммо муҳимтар он аст, ки Наврӯз реша дар таърих, фарҳанг андеша ва суннатҳо ва гузаштаи мо, тоҷикон дорад. Ин ҷашнест, ки аз ном то нишонаш, ҳама расму рамзаш тоҷикист. Шоира Раъно бо хондани шеърҳои тозаэъҷоди худ дар васфи Наврӯз таманниёти Наврӯзии худро баҳри нишаст манзур намуд.

Шаш нафар довталабон Додоева Марҳабо – аъзои фаъоли ҲХДТ аз КИИ “Беморхонаи марказӣ”, Холбоева Озода – аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Пошкент”, Ахмедова Райҳона – аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “Литсейи касбӣ-техникӣ”, Ҳайдарова Бунафша аъзои фаъоли ҳизб аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури маърифат”, Абдуқодирова Умеда аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “КАТС”, Абророва Меҳринисо аъзои фаъоли ҳизб аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Нури маърифат” аз рӯи шаш номинатсия баромад намуданд.

Дар охири ҷамъомад раиси ҳакамони озмун хулосаи ҳайати ҳакамонро пешниҳод кард. Иштирокчиён бо Дипломи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва Сипосномаи кумита дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Баромади ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳусни маҳфилро зебою пуршукӯҳ гардонид.