Ҷашни Наврӯзро бо созандагиву ободкорӣ пешвоз мегирем

2023-03-16

Ба пешвози Наврӯзи байналмилалӣ, кормандони соҳаҳои гуногун дар гӯшаву канори пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳашарҳои дастаҷамъонаро бо тозаю озода намудани гирду атрофи биною иншоот, кӯчаю хиёбон, маҳалли зист, боғу гулгашт баргузор намуда истодаанд.

Дар ин раванди созандагиҳову ободкориҳо, кормандони ҳизбии пойтахт ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” низ саҳми назаррас доранд.

Бояд зикр дошт, ки Наврӯзи хуҷастапай бо муждаи шодию муҳаббат, покию садоқат, зебоию тароват ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон нишоту хуррамӣ оварда, аз баракати қадамҳои пурфайзу бобаракаташ оламу одам дигар мешавад. Мардум дар тараддуди амалӣ намудани анъанаву суннатҳои неки ниёгон ба тоза кардани кошонаю кӯчаву хиёбонҳо, пухтупази суманаку дигар анвои наврӯзӣ фасли баҳору мавсими кишту корро пешвоз мегиранд.

Сокинони пойтахт бо шодию хуррамӣ, созандагиву ободкорӣ, орзуву ормонҳои навин фасли баҳорро истиқбол менамоянд, то дар ин сол бо заҳмату талоши пайваста ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил гардида, ба ин васила сатҳи зиндагии хешро беҳтар намоянд ва саҳми бештаре дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз бигузоранд.

Фарорасии Наврӯз боз як бори дигар ба мардум аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо хабар медиҳад, ки ин ҷанбаи тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, ватандӯстӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, махсусан ҷавононро огоҳона боло мебарад. Зеро миллате, ки фарҳангу суннат ва анъанаву тамаддуни гузаштаи хешро надонад, наомӯзад ва нашиносад, шабеҳи нобиноеро мемонад дар нимароҳ. Шинохтану омухтан ва донистан аз фазилатҳои ахлоқии инсон буда, нишонгари эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва суннати ниёгонамон мебошад.