Нақши Пешвои муаззами миллат дар эҳёи Наврӯз

2023-03-16

«Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки оламиёнро ба якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстиву иҷрои амалҳои хайру савоб ва худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Наврӯз ин рӯзи нахустини соли нав ва рӯзи охирини соли гузашта буда, ба ибораи дигар, рӯзи нави ҳафтаи нави моҳи нави соли нави хуршедист. Яъне он рӯзи эътидоли баҳорӣ – рӯзи баробарии шабу рӯз ва аз нав эҳё шудани табиат аст. Таърихи Наврӯз – таърихи фарҳангу оин, анъанаю маросим ва таърихи мардуми аст, ки мо дар он худро мебинем ва дар он худро мешиносем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст». Дар ҳақиқат, Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳан инъикоскунандаи таърихи фарҳанги мардум буда, ифодакунандаи завқу сурати мардуми ориёӣ ва ҳалқаи ногусастании таърихи гузашта, имрӯза ва ояндаи халқи мо мебошад.

Маҳз огаҳӣ аз таърих ва шинохти сурату сирати чунин суннатҳои қадимаи аҷдодамон боиси хештаншиносиву ҳувияти миллии мо мегардад. Ногуфта намонад, ки миллате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат ва арзишҳои миллии худро бояд ҳифз намояд. Дарвоқеъ таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз барои дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию бостонӣ тарбия кардани насли наврас, бахусус, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврӯз аҳаммияти хос касб намудааст.

Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар руҳу ҷони одамон падид меоварад».

Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз, мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд. Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии СММ 26 феврали соли 2010 қароре қабул кард, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун нишонаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашни умумимиллӣ эълон шуд. Ба таъбири бузургворе: «Басо мардумон омаданду рафтанд, басо ҷаҳондорон кишвардорӣ карданду бигзаштанд, басо боғҳо шукуфтанду хазон гардиданд, басо чашмасорон ба ҷуш омаданду ҷой бар биёбон доданд, лек Наврӯз – ин паҳлавони куҳансол, ҳамоно поянда аст» ва хушбахтона дар замони Истиқлоли давлатӣ қувваю неруи дучанд гирифта, ба худ номи нав – Наврӯзи ҷаҳонӣ гирифтааст.

Дар ҷаҳонишавии Наврӯзи дилафрӯзу оламафрӯзи аҷамиён саҳми Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҳамҷавору ҳамфарҳанг хело бузург аст. Маҳз кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи Аҷам қайд кардан бамаврид аст. Заҳматҳои якҷояи фарзандони фарзонаи миллати тоҷику миллатҳои ҳамхуни дигар буд, ки бо қарори Ассамблеяи 64-уми Созмони Милали Муттаҳид моҳи феврали соли 2010 Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф гардид ва соли 13-ум аст, ки ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати наву тоза таҷлил карда мешавад.

Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷашнҳо дорои расму оинҳои гуногун аст, аз қабили чоршанбеи охир, бахткушоён, хонатаконӣ, пӯшидани либосҳои нав, додани туҳфа, обпошӣ, шириничашонӣ, оростани хони наврӯзӣ (ҳафт «шин», ҳафт «син» ва гоҳе ҳафт «мим»), суманакпазӣ, рақсу суруд, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ (гуштигирӣ, бузкашӣ, футбол, волебол, вазнбардорӣ, дастхобонӣ ва даҳҳо дигар навъҳои варзишӣ), сагҷанг, кабкҷанг, хурӯсҷанг, тухмҷанг, пос доштани хотира ва зиёрати мазори бузургон ва дуою фотеҳа дар ҳаққи онҳо, айёдати пирону барҷомондагон, ба ҳамдигар ирсол намудани номаҳои шодбошӣ, суннати ободонӣ, бахшиши гуноҳҳо ва аз синаҳо бурун рондани кинаҳо, дасти ёрӣ ва шавқату меҳрубонӣ дароз кардан ба ниёзмандону нодорон ва ятимону бепарасторон, маросими «бор» ва ғайра.

Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад. Чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд.

Фарзона Ғуломносирова,

котиби ташкилотии ибтидоии

ҳизби “СТРАТЕГ”