Фаъолияти судманд дар ташкилотҳои ибтидоӣ

2023-03-15

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Адолат” баргузор гардид.

Дар маҷлиси Қурбонзода Убайдулло, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва коллективи кормандони муассиса иштирок намуданд.

Нахуст, Маҳмадмуродов Манучеҳр, директори муассиса маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Дар идома, Қурбонзода Убайдулло қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ҳамчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Инчунин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб дар Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Адолат”, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва он “Адолат” номгузорӣ гардид. Бо дастгирии аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Адолат” Маҳмадмуродов Манучеҳр ва муовини раиси ташкилот Қурбонов Ҳусейн интихоб карда шуданд.

Тӯли ин солҳо ҲХДТ тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазои худро гузошта, инчунин, он барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Мувофиқи рӯзномаи маҷлис ба кормандони Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Адолат”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.