Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"

2023-03-15

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон " фаъолиятро ба роҳ монда, ба ин васила корҳои тарғиботиву ташвиқотиро густариш дода истодааст.

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоату шаҳрак оид ба шарҳу тавзеҳи қонуни мазкур мулоқот доир гардида, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурзода зимни баромади худ қайд намуд, ки қабули Қонуни мазкур аз ташаббусҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ҳар як аъзои фаъоли ҳизбро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони насли наврас корҳои тарғиботиву ташвиқотиро боз ҳам ҷоннок намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки қонуни болозикр барои таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тавассути такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва муайян намудани вазъи иҷтимоию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, амалӣ намудани барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ки ба рушди низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон равона шудаанд, замина мегузорад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки танзими давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба муқаррар намудани расмиёт ва талаботи ягонаи амалигардонии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда,

муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" дар шароити имрӯза ташаббуси саривақтӣ мебошад.