Аз Наврӯз то Наврӯз:соли созандагӣ

2023-03-15

Бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуда, ба муҳимтарин ва умдатарин љашни миллӣ табдил ёфта, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Исфара водор месозад, ки ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву фарҳангии он, маросиму ҷашнҳои бостонӣ, ташаккули маънавиёт ва ҳисси миллии мардум ва махсусан наврасону ҷавонон, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ пайваста саъю талош варзанд.

Мардуми сарбаланди Исфара хуб дарк менамоянд, ки истиқлоли воқеӣ ва зиндагии осудаю шоистаро танҳо бо заҳмати созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард ва таҳкиму тақвият бахшид. Аз ин лиҳоз, хурду бузурги шаҳри Исфара таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳо корҳои ободонию бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида истодаанд.

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара аз Наврӯзи соли 2022 то Наврӯзи имсола аз он шаҳодат медиҳад, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани обрую нуфузи ҲХДТ ҳизбиёни Исфара корҳои зиёди созандагиро ба анҷом расониданд.

Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо 208 ташкилотҳои ҳизбӣ ва зиёда аз 16000 аъзои ҲХДТ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳот, таҳия ва амалисозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо дар сафи пеш қарор доранд. Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби фаъолон гуруҳҳои махсус таъсис дода шуданд, ки онҳо ташкил ва баргузории ҳашарҳои умумӣ, корҳои ободонию бунёдкориро роҳандозӣ менамоянд.

Аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барои бунёд, таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқароркунии як қатор иншоотҳои маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, роҳҳои маҳаллӣ давоми соли 2022 ва 2 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2 млн сомонӣ харҷ гардид.

Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2022, 9 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба истифода дода шуданд.

Аз он ҷумла, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо масоҳати умумии 1018 м2 бо тариқи ҳашар бо харҷи 3,5 млн сомонӣ, бо дастгирии бевоситаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида, дорои 13 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ ва китобхона сохта шуд. Таҳхона барои ташкили корхонаи дузандагӣ, маҳфилҳои ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳр қайд намуданд, ки пешравию ободиҳои то имрӯз ноилшудаи сокинони шаҳри Исфара далелӣ возеҳи ҳисси баланди миллӣ ва азми қавии онҳо дар ҷодаи созандагии Ватани азизамон мебошад. Инчунин баҳои баланди ливои миллат мо ҳизбиёнро муаззаф менамояд, ки аз ҳар вақта хубтару беҳтар кори ҳизбиро ба роҳ монем.

Давоми як соли сипаригашта якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва роҳбарияти он, шахсан Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур – аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои татбиқи муҳимтарин барномаву стратегияҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тамоми талоши худро равона карда, ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Исфара тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор дода истодааст. Дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, дастгирии гуруҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд. Дар ин самт овардани танҳо як далел кофист. Давоми соли 2022 фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша Абдулмумин Ҳалимов, Савриддин Раҷабов, Абдуҷалил ва Сарбон Савриддиновҳо, Нарзулло Ӯлмасов, Икромиддин Шарипов, Ҷӯрабой Ҷӯраев, Маҳмудҷон Шарипов, Мирибодулло Каримов ва дигарон ба 8500 оилаи ниёзманд ба ҳар кадоме 50 кг орд, 10 литри равған, 10 кг биринҷ, 5 кг шакар дастрас намуданд. Ба 150 оилаи муҳтоҷ 1000 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Миқдори оилаҳои бо дастгирӣ фарогирифта шуда нисбати соли 2021 6 маротиба зиёд аст.

Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ барои ба ҳушёриву зиракӣ даъват намудани мардум, пешгирӣ намудани таъсири андешаҳои бегона дар байни ҷомеа, ки дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд вокунишҳои фаврӣ нишон медиҳанд. Корҳои тарғиботию ташвиқотиро мутобиқ ба шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.

Масъалаҳои тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ низ дар марказӣ диққат қарор дошта, пешравиҳо назаррасанд.

Мо итминони комил дорем, ки бо заҳмати аҳлонаи мардуми заҳматқаринамон ба ҳадафҳои неки худ мерасем. Тоҷикистони маҳбубамонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва обрӯю нуфузи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким мебахшем.

Фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмиллалиро аз номи ҳизбиёни Исфара ба тамоми мардуми мамлакат самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ, ваҳдат ва сулҳу оромӣ дар Ватани маҳбубамон ҷовидонӣ бошад.

Гулафзо Ҷӯраева,

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара