ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ВА КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ

2023-03-14

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз раванди фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, алалхусус иҷрои бандҳои нақшаҳои корӣ, ҳолати коргузорӣ, фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ, боздиди Муқимзода Наргис Насимӣ мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Маркази ҲХДТ дар Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба роҳ монда шуд. Номбурда аз утоқҳои корӣ, гушаҳои ҳизбӣ, шароиту имкониятҳо ва дастовардҳои Кумитаи иҷроия боздид ба амал оварда, инчунин бо аҳли кормандон суҳбат ороста аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, пос дошатани арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҷалби шахсиятҳои сазовру содиқ ба аъзогии ҳизб, тавсеъа бахшидани корҳои ободонию сорзандагӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, сари вақт ба роҳ мондани кишти зироатҳо, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи « Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин, таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ, ҷалби занону бонувони хонашин ба касбу ҳунар ва ба ин восита ба кор таъмин гардидани онҳо машваратҳои судманд доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагии занону духтарони хонашин барои омӯхтан ва аз худ намудани касби дӯзандагӣ ҷалб гардида, нозукиҳои ин касбро омӯхта дар оянда бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, аҳолии ноҳияро бо либосҳои мактабӣ ва либосҳои расмӣ таъмин менамоянд.