Мизи мудаввар: «Рӯзномаи шаҳри ман»

2023-03-14

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ва 91-солагии рӯзномаи “Садои Конибодом”, мувофиқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи маҳаллии “Садои Конибодом “, мизи мудаввар таҳти унвони “Рӯзномаи шаҳри ман” ташкил ва баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД- и шаҳр, сармуҳаррири Содиқов Абдусаттор, аҳли қалами рӯзномаи “Садои Конибодом”, хонандагони ҷавони рӯзнома, иштирокчиёни озмуни “Иншои беҳтарин, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва омузгорони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.

Чорабиниро муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо меҳмонон шинос ва ҳадафи баргузории маҳфилро баён намуд.

Боис ба қайд аст, ки дар рафти чорабинӣ узви Иттифоқи рузноманигорони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ, сармуҳаррири рузномаи "Садои Конибодом" Содиқов Абдусаттор бобати фаъолият ва нозукиҳои касби рузноманигорӣ ва таъсири он ба ҷомеаи имрӯза ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, аз тарафи рузноманигорон бобати "Таърихи рузномаи Садои Конибодом" ва "Нақши мухбирони ҷамоатӣ дар пешрафти рузномаи шаҳрӣ" маърузаҳо ироа гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аҳли қаламкашони рузномаи "Садои Конибодом"-ро бо фарорасии ҷашни 91-солагии рӯзнома ва Рӯзи матбуот таҳният намуда, нақши онҳоро дар тарбияи насли ватандуст ва иттилоъгардонии халқ назаррас ҳисобиданд.

Дар маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷавонон ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гирифтанд. Инчунин, ғолибону иштирокчиёни озмуни “Иншои беҳтарин”, ки тибқи нақшаи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ роҳандозӣ гардида буд, бо истифода аз ҳузури меҳмонон қадршиносӣ карда шуданд.

Иштирокдорон бо рӯҳу илҳоми тоза дар оғози фасли шукуфтанҳои табиат роҳандозии чунин маҳфилро саривақтӣ арзёбӣ намуда, чанде аз хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ иқдом гирифтанд, ки роҳи рӯзноманигориро интихоб хоҳанд кард.