Суҳбату мулоқот бо “Созандагони Ватан”

2023-03-13

Дар доираи нақша чорабиниҳои роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и ноҳияи Фархор ҷиҳати баргузории сӯҳбату вохӯриҳо, масъулин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 бо хонандагони сифҳои 11-и муассиса мулоқот баргузор намуданд.

Зимни мулоқот роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуда, тазаккур дод, ки мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳаммияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд.

Таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.

Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеаи мо чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардиданд ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасид. Барои бартараф намудани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ва роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Дар анҷоми мулоқот хонандагон дар доираи мавзуи болозикр андешаҳои худро баён намуданд.