Ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амал

2023-03-13

Санаи 13 марти соли 2023 бо мақсади пайравӣ намудан аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола ва Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид ба аёдати маъюбон аз ҷамоати деҳоти Маданият рафта, дар рафти дидорбинӣ ва суҳбат  ба ин ашхос нафақаи ҳизбиро расониданд.  

Метавон зикр кард, ки нафақаи ҳизбӣ барои маъюбон аз оилаҳои камбизоат, иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, шахсони маъюб таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд.

Дар навбати худ онҳо аз ин ғамхориву дастгирӣ изҳору сипосу миннатдорӣ намуда, аз ғояҳои созандаву башардустонаи ин ҳизбӣ мардумӣ қаноатмандӣ намуданд.