Ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлат

2023-03-13

Тағйирёбии глобалии иқлим ва сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологист, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш ва мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ ҷойгоҳи калидӣ касб намудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлати мо бо як қатор ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии об Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии “Соли байналмилалии оби тоза “(2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт “(2005- 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018- 2028), мебошад.  

Чунин боварӣ ва эҳтироми шоиста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон албатта, аз замири поку қалби бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зеро Роҳбари давлат дарди имрӯзаи башариятро хеле хуб дарк намудаву барои рафъи он чораҳои саривақтиро пешниҳод менамояд. Яке аз мушкилоти асосии глобалӣ норасои оби тоза мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон агар норасои оби тоза то соли 2025 ҳалли худро наёбад, қариб 3 млрд аҳолии замин ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, қурбони фоҷеаи ташнагиву бемориҳои гуногун мешаванд.

Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо назардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои обии дарихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд. Тоҷикистон дорои захираи фаровони обӣ мебошад ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоқикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо“ ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳест ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра. Натиҷаҳои самаранок чунин аст, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Хушбахтона, ин панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки албатта боиси шодиву ифтихори бузург аст.

Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки паёмадҳои гуногуни манфиро дорад чунин ташаббус муҳимму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад. Бо зикри ин нуқтаҳо ҳар фарди худшиносу ватандӯст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст.

Мо бо чунин ватан ва бо чунин Пешвои башардӯст ифтхор менамоем.

Шарифҷони Шодӣ,

Роҳбари гурӯҳи ҷавонон “Сазандагони Ватан”

дар ноҳияи Ховалинг