Хусусиятҳои назариявию ҳуқуқии фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа

2023-03-13

Асри XXI давраи рушди ҷомеаи ҳуқуқӣ буда, фарҳанги ҳуқуқӣ дар чунин ҷомеа аҳаммияти назаррас касб мекунад. Зеро фарҳанги ҳуқуқӣ падидаи серпаҳлу буда, илова бар ин, барои дарку фаҳмиши он душвориҳои муайян мавҷуданд.

Бешубҳа, фарҳанги ҳуқуқӣ ҷанбаи фарҳанги умумиинсонӣ аст. Он дар амалияи ҳуқуқ инъикоси худро пайдо карда, ба унсури асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт ва фарҳанги ҳуқуқии аҳли ҷомеаро фаро мегирад.

Фарҳанги ҳуқуқиро ба сифати ҷанбаи дохилӣ ва маънавии ҳамаи низоми ҳуқуқии ҷомеа қабул кардан лозим аст. Маҳз ин намуди фарҳанг ба шуури ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, фаъолияти гуногуни ҳуқуқӣ ва ғайра ворид шуда, дар он ҳузур пайдо мекунад. Андешае мавҷуд аст, ки маҳз ба воситаи фарҳанги ҳуқуқӣ ба суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа ва давлат ноил шудан мумкин аст.

Имрӯз зимни тафсири фарҳанги ҳуқуқӣ бо як қатор мушкилиҳо дучор шудан мумкин аст, ки яке аз онҳо то ба ҳоло набудани фаҳмиши ягонаи категорияи “фарҳанги ҳуқуқӣ” аст. Дар аксарияти ҳолатҳо фарҳанги ҳуқуқӣ дар баробари дигар категорияҳои ҳуқуқӣ таҳлил карда мешавад, ҳол он ки консепсияи ягонаи фарҳанги ҳуқуқӣ ҳамоно вуҷуд надорад.

Мувофиқи таҳқиқотҳои илмии соҳаи ҳуқуқшиносии солҳои 60-70-и асри ХХ, фарҳанги ҳуқуқӣ аз ду ҷанбаи алоҳида баррасӣ карда мешуд:

- ҷанбаи ғоявию ҳуқуқӣ, ки дар маҷмуъ барои ҳамаи ҷомеа дар марҳилаи мушаххаси рушди он хос аст;

- маҷмуи донишу тасаввуроти мавҷуда дар бораи ҳуқуқ, имкониятҳои ба таври мувофиқ истифода бурдани ҳуқуқ дар вазъияти мушаххас, таъмини иҷрои талаботи ҳуқуқ ба таври дахлдор.

Дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҳуқуқ шумораи зиёди равишҳое мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо мафҳуму моҳияти фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва аҳамияти онро барои ҷомеа дар маҷмуъ шарҳ додан мумкин аст. Ба андешаи муҳаққиқон, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба сифати низоми унсурҳои муайян баррасӣ карда мешавад, ки хусусияти олии хоси соҳаи ҳуқуқ дошта, дар шууру рафтори одамон ва ҳамаи ҷомеа дар маҷмуъ инъикос меёбад.

Таркиби ҳуқуқӣ якҷоя бо фарҳанги ҳуқуқӣ баррасӣ карда мешавад, чунки мафҳумҳои хоси ин падидаҳо ба сатҳҳои гуногуни назариявӣ - сатҳи фалсафӣ (материализми таърихӣ), мушаххаси иҷтимоӣ ва ғ. хосанд.

Зимнан, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа метавонад объекти омӯзиши материализми таърихӣ бошад, инчунин дар сатҳи мушаххаси иҷтимоӣ баррасӣ карда шавад.

Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа бояд бо тартиби ҳатмӣ аз нуқтаи назари фалсафа ҳам таҳлил карда шавад, чунки дар маҷмуъ қисми таркибии ҳамаи фарҳанг аст. Вале ин нуқтаи назар ба он ишора мекунад, ки фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа бояд ба таркиби ҳуқуқӣ баробар карда шавад.

Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа сатҳест, ки ба воситаи он ҳолати ҳамаи низоми ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии шахси алоҳидаро муайян намудан мумкин аст. Яъне, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ҳам сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва ҳам фаъолияти ҳуқуқии ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар ин, сохтори фарҳанги ҳуқуқиро дар намуди унсурҳое чун сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқии ҷомеа, сатҳи тараққипарварона будани меъёрҳои ҳуқуқӣ, дараҷаи тараққипарварона будани фаъолияти ҳуқуқӣ ифода кардан мумкин аст.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азбаски фарҳанги ҳуқуқии шахс қисми таркибии фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба шумор меравад, пас, он ба омилҳое чун мавҷудияти талаботи воқеӣ ба ҳуқуқ, меъёрҳои ҳуқуқ, мавҷудияти волоияти қонун дар давлат, пешрафти илми ҳуқуқшиносӣ ва таҳсилоти ҳуқуқӣ дар ҷомеа, такмили мунтазами қонунгузорӣ, таносуби ҳуқуқи дохилидавлатӣ бо ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ хосанд. Фарҳанги ҳуқуқии шахс маҷмуи донишҳо, андешаҳо, ақидаҳо, муносибати ҳиссӣ нисбат ба падидаҳои ҳуқуқии муайянкунандаи ҳавасмандгардонии рафтори ҳуқуқӣ ва фаъолияти татбиқи ҳуқуқро дар бар мегирад.

Умуман, метавон гуфт, ки фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа кафолати муваффақияту рушди самараноки минбаъдаи давлат ва такмили муқаррароти қонунгузории миллӣ аст. Маҳз барои ҳамин фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа қисми таркибии ҳамагуна давлати пешрафта ба шумор меравад.

Марҳилаҳои муосири рушди давлати ҳуқуқбунёд бояд ба ҷараёни ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ вобастагии зич дошта бошад. Зеро маҳз ҳамин категория сифатнокии ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро муайян менамояд. Мавҷудияти нигилизми ҳуқуқӣ ба ҷараёни ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мерасонад. Фарҳанги ҳуқуқӣ замоне пурра ташаккул меёбад, ки агар аҳли ҷомеа қоидаҳо ва тарзу усулҳои онро ба манфиати ҷомеа ва давлат истифода барад. Маҳз он замон дар бораи фарҳанги ҳуқуқӣ ҳамчун падидаи амалкунанда сухан гуфтан мумкин аст.

Саторова Мавлуда Қаҳҳоровна,

аъзои КИИ "Муҳандис"-и ҲХДТ

дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ