Ҳашари дастаҷамъонаи кормандони КИМ ҲХДТ

2023-03-11

 Бо мақсади омодагӣ баҳри таҷлили Наврӯзи хуҷастапай, КИМ ҲХДТ иқдоми шанбегии дастҷамъонаро роҳандозӣ намуда, тамоми роҳраву майдончаҳои назди биноро тоза ва бехи ниҳолону дарахтони сояафкану ороишӣ ва буттагулҳоро нарму мулоим намуданд.

Бояд зикр кард, ки иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атроф, сабзазоркунӣ амалӣ гардид.

Дар ин замина, ҷиҳати ободкориву созандагӣ ва ба шаҳри зебову озода табдил додани пойтахти кишвари маҳбуб, хуррамгардонии диёри биҳиштосо, тарбияи маърифати экологӣ,  дар  оянда низ силсилаи чунин маъракаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Иқдомҳои зерин барои масъулиятшиносӣ, маърифати шаҳрдорӣ ва баланд шудани завқи эстетикӣ ё худ зебоипарастии ҳар як сокини пойтахт заминаҳои воқеӣ мегузорад. Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, пас он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи баландсифати инсонӣ асос мегузорад.

Кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ бо пайравӣ аз  ин иқдоми шоиста шанбегиҳои дасҷамъона доир намуданд.