Сафи аъзои ҳизб меафзояд

2023-03-10

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати мо мебошад. Фаъолияти пурсамари он аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаи навин таҷассум меёбад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд. 

Яке аз самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мустаҳкам ва зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони донишманд, хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар ва ташаббускору бунёдкор ба ҳисоб меравад.

Бо ҳамин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тасмим гирифтааст, ки сафи аъзову ҷонибдорони ҳизбиро аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва пешқадами ноҳияр бештару бештар намояд.

Воқеан ҳам аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян намуда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нафаре агар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардад, Оиннома, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси муаззами он, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ менамояд.