НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН

2023-03-10

Таҷрибаи 30 соли мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаи ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дар меҳвари асосии фаъолияти роҳбариашон қарор дорад. Ҷавонон аз тарафи Сарвари давлат ҳамчун насли идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлоли Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократӣ эътироф шуда, дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, махсусан, бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо ва манфиатҳои стратегию геосиёсӣ (геополитикӣ) масъулияти бузургеро бар дӯш доранд.

Бояд қайд кард, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва шаҳрвандӣ нақши ҷавонон бағоят бузург аст. Аз ин рӯ, истифодаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар раванди рушди давлатдорӣ саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Бо назардошти саҳифаҳои таърихи сипаринамудаи миллати тоҷик метавон қайд кард, ки ҷавонони Тоҷикистони муосир, махсусан зодагони даврони истиқлоли давлатӣ, аз ҷумлаи хушбахтарин инсонҳо ба ҳисоб мераванд. Имрӯз зиёда аз 60 фисади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, дар ҳамаи самтҳо фаъолияти самараноки онҳоро эҳсос намудан мумкин аст, ки ин аз сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба ин қишри муҳимми ҷомеа маншаъ мегирад.

Дар партави ин сиёсат имрӯз ҷавонони кишвар талош дар роҳи омӯзиш ва аз худ намудани риштаҳои мухталифи илм намуда, ҷиҳати ба Ватану миллат хидмати содиқона кардан кӯшиш менамоянд. Дар ҷомеаи имрӯза, дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳад, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати зиёд медиҳад.Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумуи кишвар бовар бар он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори мамлакатҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Дар ин давра рушди илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбии худро расонид. Қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои Аврупову Амрико ва Россия таҳсили худро идома дода истодаанд. Қисми дигари ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаҳои варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро гузоштанд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои неки худро ба бор овард.

Тавре маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштаанд ва обрӯи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солимии ҷисмиву руҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ аз бемориҳо дар кишвар мегардад.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо намегузорад, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватанро ғуборолуд созад. Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Тоҷикистони азизамон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош мекунанд.

Бо дастгирии Сарвари давлат саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он таҷлили санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили ин сана на танҳо шодию хурсандӣ, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан, кумаку ҳамдастии насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ, кишвари соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор гардидани пояҳои истиқлоли миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст. Ҳукумати мамлакат низ барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” қабул намуд, ки аҳаммияти зиёд дорад.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардида, ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз ҷумла неругоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётгард, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо пулҳои боҳашамат сохта ба истифода дода шуданд, ки аз пешравии давлату миллат гувоҳӣ медиҳанд.

Имрӯз зарур аст, ки ҷавонон дар доираи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат боз ҳам муттаҳид шуда, ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ саҳми боризи худро гузоранд. Мондагории миллату давлати тоҷикон аз тафаккури насли наврасу ҷавони меҳан вобастагии зиёд дорад. Зарур аст, ки дар заминаи омӯзиши илму дониш тафаккури ҷавонон баланд бардошта шавад.

Муслиҳиддин Бурҳонзода,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ