Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Сафои меҳр”
2023-03-04
Дар Кохи ваҳдат ба
ифтихори Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Сафои меҳр”
баргузор гардид. Дар чорабинии идона муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси
Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини якуми раиси
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, директори Муассисаи давлатии
маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Исмоилзода Ёқуб Борон, роҳбарони корхонаву идора, муассисаҳои давлатӣ, аъзои
кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва кормандони ҳизбӣ
аз ҳисоби занону бонувони фаъолу коршинос аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии
ҷавонон "Созандагони Ватан" ширкат намуданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи
иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мо Рӯзи
модарро ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи ҷашни
бузургтарину қадимтарини миллиамон – Наврӯз, ки ҳоло мақоми байналмилалӣ
гирифтааст, ҷашн мегирем, ки ин, албатта, бесабаб нест, зеро зан, баҳор ва гул
вожаҳое ҳастанд, ки бо ҳам тавъаманд.
- Аслу ҷавҳари Модарро
муҳаббату самимият, покиву садоқат, латофату назокат, бузургию ҳашамат, файзу
баракат ва шарофату нусрат ташкил медиҳад. Зеро Модар ягона мавҷуди бузургу
муборак ва поку муқаддасе аст, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ сарчашма
мегирад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз 47,88% ё (37908) аъзои фаъоли ҲХДТ дар
қалби поку муқаддаси Тоҷикистон - шаҳри Душанберо занону бонувони фаъолу ташаббускор
ташкил медиҳанд,-гуфт И. Мирзозода.
Муовини Раиси ҲХДТ
Хайринисо Юсуфӣ таъкид кард, ки имрӯз нақши занону бонувон дар тамоми соҳаҳои
кишвар, махсусан дар сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сафҳои он
ниҳоят муассиру арзишманд аст. ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон ҳамчун як қишри фаъолу собитқадами ҷомеа
ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ба андешаи мавсуф
масъалаи занон дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор
дошта, Раиси муаззами ҳизб дар ҳама маърӯзаву суханрониҳояшон дар анҷуманҳо,
маҷлисҳои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб пайваста ба баланд бардоштани
нуфузи занон таъкид намуда, ташкилотҳои ҳизбиро вазифадор менамоянд, ки ба фаро
гирифтани занон бо корҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, директори
Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон – Исмоилзода Ёқуб Борон зимни баромади худ қайд намуданд, ки
фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи занону модарон сарчашма
мегирад. Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу
заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо
бузург аст.
Дар охир ба як қатор бонувони
фаъол Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб
тақдим карда шуд.