Занҳо-Шумо фариштаи рӯи замин

2023-03-03

 Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд, дар тарабхонаи “Истироҳат”-и шаҳри Хуҷанд барномаи идона таҳти унвони “Занҳо, Шумо фариштаи рӯи замин!” доир гардид.

 Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому мартабаи занону бонувони арҷманд таҷлил мегардад. Пешвои муаззами миллат барҳақ дар васфи Зан – Модар гуфтаанд: “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба Зан – Модар қудрате ато намудаааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад”.

 Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бонувони арҷманди вилоятро, ки дар маҳфил ҳузур доштанд, бо фарорасии баҳори нозанин ва ҷашни зебои модарону хоҳарон – Рӯзи Модар самимона табрик намуд ва барояшон тандурустии комил, хушбахтиву иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу кард.

Изҳор карда шуд, ки бо шарофат ва ҳидояти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон дар ҷомеаи мо дар мақоми баланду муқаддас аст ва ин манзалат сол аз сол волоияти хешро собит менамояд.

 Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз суханони Сарвари мамлакатамон ёдовар шуд, ки гуфтаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад».

Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа шурӯъ аз соли 2006 ин ҷониб  Ҳукумати Тоҷикистон тибқи қарори худ Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатмандро қабул кард, ки самараи онро мо дида истодаем.

Ҳамчунин, оид ба тадбирҳои дигаре, ки Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба занону духтарон, аз ҳисоби бонувони лаёқатманд тайёр кардани кадрҳои педагогиву тиббӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заргариву дӯзандагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ҳарф зада шуд.

Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд низ бо талош ва корбариҳои Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои бонувон шароитҳои хуби такмили дониш, маҳорат муҳайё аст. Ҳамасола дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси муаззами ҳизб дар сатҳи вилояту шаҳру навоҳӣ грантҳо барои бонувон ҷудо гардида, озмунҳои ҳунарварӣ бо ширкати занони ҳунарманд дар сатҳи баланд доир мешаванд.  

Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Хотирмонтарин лаҳза тақдими “Номаи меҳр”-и Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба занони дар маҳфил ҳузурдошта буд, ки дилҳояшонро лабрез аз шодиву сурур намуд. Бошад, ки дар Тоҷикистони мо то абад ҷашну сурур тантана намояд. Дар фазои кишвар кабӯтарони сулҳу дӯстӣ паравфшон бошанд ва халқи мамлакат дар ваҳдату якдилӣ ва тинҷиву оромӣ зиндагӣ кунанд.