Курси бозомӯзӣ маърифати сиёсии ҳизбиёнро тақвият бахшид

2023-03-01

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ, сатҳи тахассуси ҷавонон ва беҳтар намудани фаъолияти кории ташкилотҳои ҳизбӣ, барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курсҳои бозомӯзӣ доир менамоянд.

Зикр кардан бо маврид аст, ки аз 12 то 24 феврали соли 2023 курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи баланди сиёсию-фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Курси бозомӯзии соли 2023 барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо нисбат ба курсҳои бозомўзии солҳои қаблӣ тафовути зиёде дошт. Курси бозомӯзии имсола, бо барномаи ҷадид ва иштироки олимону сиёсатшиносони ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.

Хусусияи курси бозомӯзӣ соли 2023 аз солҳои қаблӣ дар он аст, ки мутахассисони ҳирфаии сатҳи баланд ба раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо усулҳои нави таълим дарс гуфтанд ва иштирокчиёни курс низ бисёр фаъолона иштирок дошта, ҳар як машғулияти курс бо саволу ҷавобҳои мушаххас ба анҷом мерасид.

Умуман ҳар як дарс диққатҷалбкунанда буда, мутахассисони ҳирфаии сатҳи баланд, бо дониш, маҳорат ва усулҳои навъи таълим талаботи иштирокчиёни курсро қонеъ карда тавонистанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб барои дар амал татбиқ намудани он механизм, ки дар ҷараёни курси бозомўзӣ бо шакли назариявӣ, машғулияти амалӣ ва дигар усулҳои корӣ гузаронида шуд, барои раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар фурсати наздик амалӣ менамояд.

Салим Сайвализода,

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Кўлоб