Дар Душанбе масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии Тоҷикистон ва Кореяро баррасӣ намуданд

2022-03-05

Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии Тоҷикистон ва Корея, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 3 март зимни мулоқоти Вазири рушди иқтсод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Сум баррасӣ гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷират, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Корея ва рушди минбаъдаи робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Инчунин вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва ҷудо намудани маблағҳои грантии ҷониби Корея барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ, энергетика ва ғайраҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида изҳор намуданд.