Нақши занони низомӣ дар таҳкими амнияти миллӣ

2023-02-28

Дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар таҳти унвони “Нақши занони низомӣ дар таҳкими амнияти миллӣ” бо иштироки занону бонувони хизматчиёни низомӣ мизи мудаввар баргузор намуд. 

Нахуст, Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо суханони табрикотӣ мизи мудавварро кушода эълон намуд. Мавсуф зикр дошт, ки барои фаъолияти занон ва духтарон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ва ширкати онҳо дар пешрафти ҷомеа тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ин амр низ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Имрӯз дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 1219 нафар зан ба ҳайси хизматчиёни ҳарбӣ, давлатӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба солҳои пештара ин нишондиҳанда 6 фисад афзудааст.

Сипас маърӯзачиён, Ашурова Дилрабо, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Юсуфӣ Умеда, сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои вафқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатшозода Азиза, сардори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши занон дар таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти кишвар ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, дар баромадҳо зикр гардид, ки таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти на танҳо давлат, балки кулли ҷомеа ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ, ба амалисозии воқеии онҳо равона карда мешавад.

Дар идомаи кори мизи мудаввар иштирокчиён атрофи мавзӯи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар анҷом, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иштирокчиёни мизи мудаввар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.