Эъломияи ҳуқуқ ва тавонмандии занон

2023-02-27

Хуршеди Истиқлол ба занону бонувони тоҷик имкон фароҳам овард, ки нақш ва ҷойгоҳи хешро дар эъмори давлатдории навин ва сохту ташаккули он гузоранд. Бо ин мақсад ҳанӯз аз рӯзҳои аввали машъалафрӯзии Истиқлоли комили кишвар нақш ва мавқеи занону бонувон дар идоракунии давлат ва самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии кишвар баръало мушоҳида мегардид. Ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи ин олиҳаи зебоӣ ва офарандаи насли инсоният Ҳукумати кишвар, хосатан Роҳбари олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҳамин аст, ки аз он айём инҷониб занону бонувон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ ва тасмимгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар тамоми маҷлису ҷамъомадҳо вобаста ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва зиёд намудани теъдоди хизматчиёни давлатию кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони фаъоли кишвар сухан намуда, ҷиҳати иҷрои он ба мақомоти марбута супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ироаи Паёмҳои солона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, роҳнамо ба фаъолияти минбаъдаи самтҳои мухталифи мамлакат мебошад ва барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои мушаххаси дар он гузошташуда тамоми қишри ҷомеа кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад. Паёми имсола низ мисли паёмҳои қаблӣ саршор аз иқдому ташаббус ва дастовардҳои беназири Пешвои муаззами миллат буда, инчунин бурду бохт ва дигар масъалаҳоро бозгӯӣ намуд.

Чуноне сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумлаи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд, ки ин теъдод барои густариши фаъолияти занон дар оянда хуб арзёбӣ гардида, барои боз ҳам бештар гардидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон заминаи асосӣ мегузорад.

Дар робита ба ин муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода чунин иброз дошт: “Мувофиқи таҳлилҳои омории мақомоти босалоҳияти давлатӣ, дар соҳаи хизмати давлатӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 18549 нафар (85,2 фоиз) хизматчии давлатӣ дар ниҳодҳои идоракунии давлатӣ амалан фаъолият дошта, аз ин шумора теъдоди занон 4503 нафарро ташкил медиҳанд. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар 1115 нафар мебошанд”.

- Теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 24,0 фоиз, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 29,1 фоиз буда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 19,4 фоизро ташкил медиҳад.

Давоми 30 соли давлатдории навин шумораҳои зикргардида гувоҳи фаъолияти воқеан пурсамари занону бонувон дар самтҳои гуногуни ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз занони шуҷои кишвар бо шукргузорӣ аз Роҳбари одилу дурандеш ва қофиласолори миллат, ки баҳри ояндаи дурахшони давлату миллат ва фаъолияти занон дар идоракунии давлатӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд, саъю талош доранд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари кишвар тамоми донишу малака ва истеъдоди худро равона созанд. Ҳамин аст, ки занону бонувон дар тамоми самтҳо бо фаъолияти назаррас ва пешниҳоди ғояҳои созанда баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистон азиз азм намуда истодаанд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода аз дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат нисбат ба занон изҳори қаноатмандӣ карда, вобаста ба Паёмҳои Сарвари мамлакат, ки дар онҳо нақши занонро хуб арзёбӣ намуда баҳри пойдории ин ҷойгоҳ пайваста супоришҳои мушаххас медиҳанд, чунин ибрози назар кард, “Муъҷиби шукргузории мо занону бонувон аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми зан-модар ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, ҳамчун як маъхази сарнавиштсозу раҳнамо фаъолияти минбаъдаи ҳар яки моро дар роҳи расидан ба муваффақияту дастовардҳои азим баҳри рушди иқтисоди миллӣ муайян менамояд. Паём-эъломияи ҳуқуқу тавонмандии занону бонувон аст. Дар масири ин сарчашмаи тақдирсоз зани тоҷик метавонад дар тамоми самту зинаҳо фаъолият кунад, донишҳои худро татбиқ намояд ва саҳми худро дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ гузорад”.

Дар баробари дигар самтҳо маориф низ яке аз самтҳои афлазиятноки кишвар ба ҳисоб рафта, дар рушди он ва илми муосири тоҷик занону бонувон нақши калидӣ доранд. Бо ҷалби омӯзгорони ҳирфаӣ ва забондон аз ҳисоби занон ҷавонону наврасон дар озмунҳои сатҳи минтақа ва ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами кишварро дар арсаи байналхалқӣ баланд мебардоранд, ки муҷиби ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо мебошад. Тайи солҳои охир дар самти маориф ва илм шумораи занон афзуда, 73 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда барои рушди маорифи миллӣ ва беҳтар намудани савияи дониши ҷавонону наврасон мусоидат менамояд.

Дар робита ба ин Директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Дилором Муқимова қайд намуд, ки дар воқеъ, имрӯз дар самти маориф занони зиёд фаъолият дошта, шумораи онҳо рӯз то рӯз бештар мегардад. Агар ба солҳои қаблӣ назар кунем, шумораи донишҷӯдухтарон нисбат ба замони ҳозира хеле кам аст. Тайи солҳои охир духтарони зиёд аз ноҳияҳои дурдаст тариқи квотаҳои президентӣ ба риштаҳои омӯзгории донишгоҳҳои кишвар дохил гардида, пас аз хатми он ба зодгоҳашон рафта, насли навинро таълим медиҳанд. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, хусусан занон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, роҳандозии ихтисосҳои лозимии бозори меҳнат ба зайли доимӣ ҳалли худро ёфта истодаанд.

Ин нуктаи муҳимро Пешвои миллат дар Паёми имсола чунин матраҳ намуданд: “Илова бар ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.” Мо, занону бонувони хуштолеи замони соҳибистиқлолиро зарур аст, ки ҳар нуктаи Паёми Пешвои муаззами миллатамонро сармашқи кору фаъолияти худ гардонда, баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боризу арзандаи худро гузорем.

Чуноне дар боло қайд гардид, дар воқеъ Паёми Роҳбари давлат барои фаъолияти минбаъдаи ҳар як зани тоҷик роҳнамое ба фардои дурахшон буда, баҳри амалӣ намудани тадбирҳои неку созанда мусоидат мекунад. Имрӯз занону бонувон дар тамоми самтҳо фаъолияти назаррас дошта, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро, ки дар Паём вобаста ба самти занон дода шуд, сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани вазифаҳои дар назадашон гузошташуда камари ҳиммат бастаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯзҳо дар баробари соҳаи маориф шумораи зиёди занон дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ фаъолият дошта, 71 фоизро ташкил медиҳад. Соҳаи тандурустӣ ҳамчун сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тайи солҳои охир ин самт рушду нумӯъ намуда истодааст ва ҳамарӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардад. Бонувонзанони соҳаи тандурустӣ аз ин дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат нисбат ба занон ва пешбурди фаъолияти онҳо сипосгузор буда, ҳар як дастоварди ин соҳаро дар ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинанд.

Мунира Каримова - сардухтури Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона ин ҳама дастгириҳоро нишонаи олии ватандӯстӣ ва мардумсолории Пешвои муаззами миллат дониста, ҳамчун пайрави асили Роҳбари давлат ба халқу миллат содиқонаю софдилона хизмат намудан мехоҳад. Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.

Танҳо дар се соли охир, (солҳои 2019–2021) дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии Истиқлол аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардид, ки аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Бо такя ба суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад, мо-табибонро вазифадор месозад, ки хизматрасонии тиббиро барои мардуми кишварамон хубтару беҳтар ба роҳ монем-мегӯяд М. Каримова.

Имрӯз тамоми занону бонувони тоҷик аз хизматҳои шоён ва дастгириҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд буда, ҳар як дастуру супориш ва амру фармони Сарвари мамлакатро сармашқи кори хеш намуда, бо назардошти супоришҳои дар Паём ироагардида фаъолияти хешро ба роҳ мемонанд. Умеди зиёд бар он дорем, ки шумора ва сатҳу сифати фаъолияти занону бонувони роҳбар ва хизматчиёни давлатию иҷтимоӣ аз ҳисоби занону бонувон бештару беҳтар гардида, баҳри расидан ба қуллаи мақсуд ва ободии диёр занони бонангу номуси кишвар дар қатори мардон саф кашида, ба Ватан содиқонаю софдилона хизмат менамоянд.

Саида Нарзизода