Қабули рефератҳои иштирокчиёни курс аз ҷониби роҳбарият

2023-02-23

Дар асоси барномаи таҳиянамудаи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ва натиҷагирӣ аз мавзуъҳои назариявӣ дар раванди курс, фикру мулоҳизаи иштирокчиён дар шакли реферат ба роҳбарият пешниҳод гардид.

Муҳтавои рефератҳо перомуни муҳимтарин мавзуъҳои ҷомеа, аз қабили таблиғи муқаддасоти миллӣ, таҳкими Истиқлолу ваҳдати кишвар, нақши занон дар ҷомеаи муосир, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ташаккули ғояи созандаи ҳизби бунёдкор буд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор зимни суҳбат бо раисони кумитаҳои иҷроия муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти кориро баррасӣ намуд. Зикр дошт, ки мақсад аз пешниҳоди мавзуъҳои амалӣ, такмили донишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии иштирокчиёни курс маҳсуб меёбад. Тадбирҳои мушаххас ва фаъолияти ҳадафмандонаи ҳизбӣ, ҷидду ҷаҳди аҳлонаи сохторҳои ҳизбӣ бо мақомотҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурўҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, инчунин шаҳрвандони ватандусту масъулиятшиноси кишвар фаъолияти кориро боз ҳам тақвият мебахшад.

Моҳият, тамоюл ва хусусиятҳои кунунии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи муосир ҳамин масъалаҳо ташкил медиҳанд. Таҳкими ваҳдати миллӣ, суботу амнияти ҷомеа ва бақои истиқлолияту устувории Тоҷикистон маҳз бо ҳамин масъалаҳо вобастагӣ дорад.

Дар охир қайд намуд, ки ҳизб бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.