ЗИНДА БОШ ЭЙ ВАТАН ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН!

2023-02-23

Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ тибқи Нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ ва дидорбинӣ бо ҷалби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ дар қисми низомии 01-23-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Одилзода Дилбар муовини раиси шаҳри Душанбе, Хонзода Абдураҳмон роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдураҳим Шоҳиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Саодат Шукурова муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарони як қатор Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намоядагони ТҶҶ "Созандагони Ватан", раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, падарону модарони сарбозон ва раисони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки иштирокчиён аз хобгоҳи сарбозон, ошхона, толори хониши сарбозон ва намоиши силоҳо дидан намуда, ба худ таасуроти нек бардоштанд.

Нахуст, Одилзода Дилбар афсарону сарбозони қисми низомии 01-23-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд, иброз дошт Д.Одилзода.

Қайд гардид, ки имрӯз он мушкилоту норасоие, ки дар солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ вуҷуд дошт, аз ҷумла норасоии афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруву тавоноии бузургро касб намуда, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу кор, садоқат ба савганд вазифаи авалиндараҷаи хеш қарор дода, ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаи ҷомеаро анҷом медиҳанд, афзуд Д.Одиолзода.

Дар идома Абдураҳмон Хонзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”. Мавсуф иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва сипари муҳимтарини ҳар як давлату миллат мебошад, ки ҳанӯз дар оғози ба Истиқлолият расидани кишвари азизамон ин ниҳоди боэътимод таъсис ёфта, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай намуд, ва ҳоло қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро комилан таъмин намояд.

Инчунин, қайд гардид, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ба назар мерасид. Сарфи назар аз ин мушкилоти ҷойдошта, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бояд қайд кард, ки созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳ кори саҳл набуда, он давра ба давра вусъат ёфтааст, афзуд А.Хонзода.

Ёдовар мешавем, ки зимни боздид гурӯҳи иштирокчиён аз осорхонаи маркази таълимии Пойтахт дидан намуда, аз таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таасуроти неки меҳанпарастӣ бардошт намуданд. Дар охир тазаккур дода шуд, ки мардуми Тоҷикистон ба хизматчиёни харбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷоъи Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Ҳамзамон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳайати шахсии қисми низомии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикисторн дастурхони идона ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ, маводҳои гигиенӣ ва лавозимоти варзишӣ (шашка, шоҳмот, тӯбҳои варзишӣ тақдим намуд.

Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Журналистони халқӣ”-и Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ба китобхонаи қисми низомӣ ба миқдори 40 адад китобҳои ба табърасидаи ҳайати эҷодии Рӯзномаи “Народная газета” оид ба фаъолият ва ташабусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.