Таблиғи ғояҳои созандаи ҲХДТ

2023-02-22

Дар оғози дарси навбатии курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҷумҳурӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зикр намуд, ки ҲХДТ дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ соҳиби қадру манзалату нерӯи созанда, ваҳдатофар ва ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш барои зиндагии ободу осудаи мардум, талош менамояд.

Дар идома, раиси Фраксияи ҲХДТ-Обидзода Фозил, перомуни мавзуи нақши Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷиҳати таҳкими қонуният дар ҷумҳурӣ маърӯза намуд. Аз ҷумла зикр дошт, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст. Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб маҳсуб мешавад.

Сипас, дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон”, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода баромад намуд. Ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 2011 дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси иттиҳодияи алоҳидаи кор бо ҷавонон дар назди ҲХДТ бо номи “Созандагони Ватан” дастур дода буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ибтидои тааҳҳуд ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон чунин муайян намуда буданд. “Равшан аст, ки иштироки омма, аз ҷумла ҷавонон дар идоракунии давлат яке аз шартҳои муҳимми давлати демократист. Бо дарки ин нукта, Сарвари давлат такя ба ин неруи созандаи ҷавонон намуданд.

Дар идома, мудири шуъбаи шарқи Миёна ва Наздики институти масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филологӣ Зиёӣ Субҳиддин, масъалаи таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ ба низоми давлатдории миллиро ба шунавандагони курс баррасӣ намуд. Ӯ зикр дошт, ки дар кишвари дунявии мо, дин аз давлат ҷудо буда, мафкураи хеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Бинобар ин қиёс гузоштан миёни қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои шариату дини ислом хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯсту адолатпарвар, бахусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосиву пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд аз таълимоти гурӯҳҳои ифротӣ, ки омили ҳифзи ислом муаррифӣ шудааст, худдорӣ намоянд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Садриддин Ширинбеков ба иштирокчиёни усулҳои нави таблиғотӣ дар ташкилотҳои ҳизбиро тавзеҳ дод. Дар идома зикр намуд, ки консепсияи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, маҷмўи ғояҳо ва ақидаҳо дар самти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва оммаи мардум буда, қисми таркибии раванди амалишавии Оиннома ва Барномаи ҲХДТ мебошад. Консепсия тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ буда, барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа таҳкими соҳибихтиёрӣ, демократкунонии ҷомеъа, ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, ҳифзи иҷтимоӣ ва ягонагии ҷомеъа мебошад. Зарурияти ташкили усулҳои нави корҳои таблиғотию ташвиқотиро барои тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар назар дорад.

Дар интиҳо, маърузачиён ба саволҳои шунавандагони курс ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда доданд.