ЯК РӮЗ ДАР ЛИБОСИ САРБОЗ

2023-02-22

Дар доираи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, 18 феврали соли равон гурӯҳи мардони иштирокчиёни курси бозомӯзӣ бо иштироки Асрор Латифзода, муовини Раиси Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон, аз машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон дидан намуданд.

Дар машқгоҳи “Фахробод” масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони курс тарзи дурусти сафороӣ, қадамзанӣ, интизоми ҳарбӣ ва дар маҷмуъ қоидаҳои буду бош дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро омӯзониданд.

Ҳамзамон иштирокдорони курс дар машқгоҳ размоиши намоишии хизматчиёни ҳарбиро тамошо карданд. Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ, гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар бинои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуданд ва гурӯҳи дигар бошанд бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд.

Барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳ, ҷузъу томҳои ҳамлаовари десантӣ, бо истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, авиатсияи ҳарбӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони низомӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ амалиёти зиддитеррористи доир намуданд.

Дар машқҳои мазкур, унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза ба зидди афроди ғайриқонуни мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ гардиданд.Рафти баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва Бригадаи ҳамлаовари десантӣ бевосита назорат карда шуд.

Мувофиқи маълумоти ҳайати фармондеҳии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ҳадаф аз ташкилу роҳандозӣ намудани чунин тамринҳои низомӣ, ин пеш аз ҳама барои боз ҳам баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва баҳри омодагии доимии онҳо бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони муосир равона гардидааст.

Пас аз тамошои размоиши низомӣ иштирокчиёни курс ба маҳорати касбиву қобилияти ҷангӣ ва сатҳи омодагии ширкаткунандагони ин размоиши низомӣ баҳои баланд доданд.

Дар идома, масъулин ба иштирокдорони курс тарзи дурусти истифодаи силоҳҳои сабуки ҷангӣро омӯзониданд ва сипас ба ишитирокдорон иҷозат дода шуд, ки бо силоҳ ба ҳадафи муайян дар масофаи 25 метр оташ кушоянд.

Дар охир Асрор Латифзода дар хусуси хизматҳои Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими Артиши миллӣ суҳбат намуда, иброз дошт, ки Қувааҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлол буд, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи Истиқлол ва шукронаи ин хонаи обод намоему баҳри ободии Ватани азизмаон саҳми хешро гузорем. Зеро Артиши миллӣ дар ҳар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор Артиши милли мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад. 

Ӯ инчунин илова намуд, ки ҳар яки мо бояд дар самти пешгирӣ аз хатарҳои афзояндае чун терроризму экстремизм ҳамеша пайи эҷоди роҳҳои муассири такмили касбият бошем ва дар таъмини амнияти устувори Тоҷикистони азиз доимо талош намоем.