Мизи мудаввар: иродаи қавӣ ва осоиши равонӣ шарти асосии ғолибият

2023-02-18

18 феврали соли ҷорӣ дар доираи курси бозомӯзӣ барои раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, чорабинии навбатӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, иштирокчиёни курс аз осорхонаи “Пешвои миллат” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Зикр гардид, ки осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бунёд гардидааст.

Дар идома, мизи мудаввар дар мавзӯи “Зан-роҳбар” бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент, Раҳмонзода Ҷамила ва равоншинос Марям Давлатова доир гардид.

Хайринисо Юсуфӣ зимни суҳбат тазаккур дод, ки маҳз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои мо бонувон иродаи қавӣ ва неруву қудрати фаъолият мебахшад. Роҳбари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки зан-модар ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда, агар худ аз воқеияти ҳаёту ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва шогирдони худро тарзе тарбия мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Дар идома таъкид намуд, ки иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд.

Дар идома, равоншинос Марям Давлатова зимни суҳбат тазаккур дод, ки ҳузури бонувон дар фаъолияти ҷамъиятӣ, фароҳам гардидани шароиту имкониятҳо ҷиҳати таҳсилоти олӣ, такмили илму ҳунар ва ҷобаҷогузории занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарӣ аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва арҷгузор ба арзишҳои муқаддаси башарӣ муаррифӣ менамояд.

Мавсуф зикр намуд, ки асоси хушбахтӣ ва муваффақияти зан аз маърифат ва дониши ӯ сарчашма гирифта, самимият ва иззату эҳтиромро нисбати атроф ба вуҷуд меорад. Агаp дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкории онҳо дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад.

Дар ин радиф бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон аз аввалин кишвари ИДМ ҳаст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, 27-уми декабри соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон”-ро қабул кардааст.

Ҳамчунин, қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегиву барномаҳои давлатӣ дар мисоли Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005), қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурўши одамон” (аз 6 майи соли 2006), қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо­баҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайра метавонанд баҳри амалӣ намудани нақшаву лоиҳаҳои Ҳукумати кишвар дар самти занон замина гузоранд.

Дар ин радиф, иштирокчиёни курс ба саволҳо ва дархостҳои худ маслиҳату дастурҳо ва роҳнамоиҳои муфид гирифтанд. Дар интиҳо иброз шуд, ки мафҳумҳои «ҳувияти устувор», «арзишҳои бузург ва созанда», «дарки масъулияти ватандорӣ», «мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ», «фарҳанг» ва «маданият» аз истилоҳоти инъикоскунандаи фарҳанги сиёсии халқи тоҷик мебошанд, ки қонунмандии ба мустақилият расиданро ҳамчун далели муътамад равшан месозанд.