Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2023-02-14

14 феврал, рӯзи сеюми курси омӯзишӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо дар Акдемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Пас аз истиқболи гарми роҳбарият дар саҳни ин боргоҳи тарбияи кадрҳои идоркунандаи давлатӣ, иштирокчиёни курси омӯзишӣ толору синфхонаҳо, меҳмонхона, толори варзишӣ, Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон», «Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия»-ро тамошо карданд. Зимни боздид зикр гардид, ки бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, то имрӯз ҳамчун боргоҳи омода намудани кадрҳои бомаҳорати соҳаи идоракунии давлатӣ фаъолият менамояд.

Сипас, дар маҷлисгоҳи академия машғулиятҳои омўзишӣ идома ёфт. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зикр намуд, ки ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҳизбиёни мамлакат таккони тоза мебахшад. Мактаби сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст, ки кулли бошандагони Тоҷикистон ва ҷаҳонро давра ба давра дарси садоқату мактаби мардонагӣ омӯхта, ҳамчунин омили муҳимме дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз фаъолияти пурмасъули академия, нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ шуруъ аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳо ёдовар шуд.

Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гавҳар Шарофзода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон»-ро шарҳ дод. Мавсуф таҳияи қонуни мазкурро дар тарбияи шаҳрвандон бо мақсади хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони мамлакат ва некуаҳволии рӯзафзуни мардум зарур ва саривақтӣ донист.

Судяи Суди конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқии арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои конститутсионии Ҷум Тоҷикистон» маъруза намуда, аз ҷумла гуфт, ки арзишҳои миллӣ дар зеҳни афроди ҷомеа барои шаклгирии ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими давлатдорӣ, зеҳниятсозиро дар барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, инчунин дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ роҳандозӣ намудааст.

Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Силмон Мавлонназаров аз таҷрибаи давлатдории ҷаҳон дар соҳаи амнияти киберӣ ёдовар шуда, мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ, таҳдидҳои он ба амнияти миллии ҳар як давлатро тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дод.

Дар қисмати дувуми рӯз иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ализода Баҳриддин барои иштирокчиёни курси бозомӯзӣ мавзуи «Одоби муоширати расмӣ дар фаъолиятити касбӣ»-иро матраҳ намуд. Мавсуф зикр дошт, ки одоби расмӣ маҷмуи қоидаву тартиботи мураккабу махсус, тарзи муайяни муносибат, муомила, рафтор аст. Риоя накардани одоби мазкур нишонаи беҳурматӣ нисбат ба ин ё он халқ ва ё ноогоҳӣ аз анъанаҳои таърихии он дониста шуда, боиси кинаву адоват мегардад.

Инчунин, нақши асари “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги миллӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шариф Шарифов бозгў шуд. Китоби «Чеҳраҳои мондагор» маҳсули андешаи Пешвои миллат доир ба 25 тан абармардони таърихи куҳан ва навини миллати мо маҳсуб меёбад, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ва, пеш аз ҳама, корномаву ибтикороти арзишманди хеш то ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон мавриди ситоиш ва қадрдонӣ гардидааст ва бегумон ба таъкиди худи Пешвои миллат ин муроҷиати эшон низ сарчашма дар эътирофу маърифати ҷойгоҳи беназири ҳар яке аз онҳо дар таърихи тамаддуни тоҷикон дорад.

Сипас, дар мавзуи «Пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эстремистӣ» муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Фарҳод Сўфиев ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида, дигар неруи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат ва волидайн гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар руҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбия намоем. Мавсуф аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии гаравидани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо ва баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона бурда, бетараф набошанд.

Дар рафти дарс иштирокчиёни курси бозомӯзӣ дар доираи мавзуъҳои матраҳгардида ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Пас аз шунидани маърузаҳо иштирокчиёни курс «Майдони 30-солагии Истиқлол»-ро тамошо карданд.

Бояд тазаккур дод, ки Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ гардидааст. Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи “Истиқлол” рамзист, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр - рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.