Пешбурди корҳои таблиғотӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Ашт

2023-02-10

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳили Сир” вобаста ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ, бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии №41, 12 ва сокинони деҳаи соҳили Сир мулоқот доир гардид. 

Дар вохурӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар иштирок намуда, доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, махсусан, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дарси ватандӯстиву ватанпарварӣ, эҳтироми падару модар, ҳимояи манфиатҳои милливу башарӣ, матонату шуҷоат ва мардонагиро меомӯзад, изҳори назар карданд.

Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони КИН Мадаминова Муътабар вобаста ба масъалаи занон ва нақши онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба илму ҳунаромӯзӣ, таҳсили духтарон дар зинаи сеюм, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона, истифодаи аз меъёр зиёди телефонҳои мобилӣ фикру андешаҳои худро мавриди зикр қарор дод.

Дар охир якчанд нафар ҷавонон ваъда доданд, ки пас аз хатми мактаби миёна ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш ҳиссаи босазои худро мегузоранд.