Ватандӯстӣ рисолати шаҳрвандист

2023-02-09

Дар ҳама давру замонҳо, хусусан, дар замони пуртазоди мо, дар ҷаҳоне, ки ҳамарӯза шоҳиди бархурдҳои нави сиёсӣ мешавем, тарбияи ватандӯстӣ ва эҳсоси ватанпарваронаи аҳли ҷомеа омили асосии ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Миллате, ки соҳиби давлат нест наметавонад аз худ муҳофизат намуда, дар баробари бархурдҳои тезу тунди замони муосир истодагӣ намояд. Аз саҳифаҳои таърих маълум мегардад, ки бисёр миллатҳо, бинобар сабаби надоштани давлати мустақил, ҳувияти худро аз даст дода, батамом несту нобуд шудаанд.

Имрӯз дар олам зиёда аз ду ҳазор миллатҳо арзи ҳастӣ доранд, аммо аз миёни онҳо ҳамагӣ наздики сесад миллат соҳибдавлатанду халос. Яъне, аксарияти миллатҳои сайёра аз неъмати давлатдорӣ маҳрум буда, аз ҳамин сабаб, наметавонанд аз арзишу суннатҳои худ ҳимоя кунанд.

Хушбахтона, миллати тоҷик аз ҷумлаи хушбахттарин миллатҳое ба шумор меравад, ки дар шароити муосир соҳиби давлати мустақил аст. Дар тӯли таърих миллати мо ҳамчун миллати хирадманд ва фарҳангсолор муаррифӣ гардидааст, ки ҳамеша соҳибдавлат буд ва фарзандони он дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассири худро гузошта омадаанд. Соҳибистиқлолӣ барои миллат ва ватани маҳбуби мо имкон фароҳам овард, то давлатдории миллии худро рушд дода, дар самти муаррифии фарҳангу тамаддун ва арзишҳои воло қадамҳои устувор гузорад. Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имкон фароҳам сохт, ки урфу одат, анъанаҳои неки давлатдории худро рушд дода, манфиатҳояшро дар сатҳҳои гуногун ҳимоя намояд. Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат эҳё гардида ба маҷрои рушди устувор ворид шуданд. Эҳё гардидан ва рушду нумуи тоза ёфтани ҷашнҳои бузурги миллӣ ба мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра дар роҳи рушди миллӣ ва таҳкими тарбияи ватандӯстӣ аҳаммияти ниҳоят калон дорад.

Истиқлолият давлати навини миллати тоҷикро эҳё намуда, барои тарҳрезии барномаҳои гуногуни миллӣ дар самти рушди устувори давлати соҳибистиқлол шароити мусоид фароҳам овард, имкон дод, то миллати соҳибтамаддуни мо рисолати азалии худро, ки равнақу ривоҷи фарҳангу адаб аст, сарбаландона иҷро намояд.  Мо ба туфайли соҳибистиқлолӣ тавонистем, ки дар фазои ободу ором ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳадафҳои стратегии миллиро амалӣ созем. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оморҳои ҷаҳонӣ ба яке кишварҳои амнтарин табдил ёфта, дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ҳоло кишвари мо дар марҳилаи нави давлатдории миллӣ яъне, марҳилаи рушди устувор қарор дорад. Ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои бузурги давлат дар ҳоли амалишавианд ва онҳо пешрафти давлату миллатро таъмин хоҳанд кард.

Дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоишанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳон изҳори назар карда, аз ҷумла гуфтанд: “Чунон ки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.”

Аз таъкиди Роҳбари давлат бармеояд, ки пешгирӣ накардани чунин хатару таҳдидҳо, на танҳо рушди устувори давлатҳоро халадор месозад, балки ба истиқлолу бақои давлат хатар эҷод менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти чунин воқеият, бо амалӣ сохтани иқдомҳои муҳим пайваста кӯшиш дорад, то рушди устувори давлатро таъмин намуда, суботу оромии сиёсиро дар кишвар ҳифз намояд.

Дар шароити бархурдҳои сиёсии ҷаҳонӣ яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи суботу оромӣ ин ватандӯстии шаҳрвандон аст. Маҳз ватандӯст будани ҳар як шаҳрванд ӯро водор месозад, ки дар баробари равандҳои муосир бетараф набошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.”

Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳар як фарди миллати мо имкон медиҳад, ки хатару таҳдидҳо, ғаразҳо ва ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, ташкилотҳои манфиатдори хориҷӣ ва дигар бадхоҳони миллатро дарк намуда, ба муқобили онҳо мубориза баранд. Пӯшида нест, ки имрӯз баъзе гурӯҳҳои ифротиву террористии дар хориҷи кишвар қарордошта, кӯшиш доранд, ки шаҳрвандони кишварро гумроҳ созанд ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Аз ин рӯ, имрӯз шаҳрвандони кишварро лозим аст, ки эҳсоси ватандӯстии худро тақвият дода, фирефтаи чунин гурӯҳои бадхоҳ нагарданд.

Ватандӯстӣ рисолати шаҳрвандист ва имрӯз ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистонро лозим аст, ки беш аз пеш ватани худро дӯст дошта, дар атрофи сиёсати Ҳукумати кишвар муттаҳид гарданд. Маҳз муттаҳидӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ба мо имкон медиҳад, ки давлатдории миллии худро аз дилхоҳ хатару таҳдид ҳифз намуда, рушди устувори онро таъмин намоем.

Раҳматуллоев Мақсуд,

Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон