Пайравони ҳизби раҳнамои халқ

2023-02-09

Сиёсати маънавибунёд ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он аст, ки пешрафти давлату ҷомеа бидуни рушду такомули устувори соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла маориф ва илм, боло бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, густариши ифтихори милливу ватандорӣ, худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва тарбияи шахсияти донишманду ватандӯст аз имкон берун аст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд: «Зиёӣ бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад ҳамчун тимсоли ибрат ба наслҳои ҷавон таъсири нек расонад».

Омӯзгор бузургтарин шахсиятест, ки дар ҳамаи давру замонҳо дар ташаккули сармояи инсонӣ, яъне донишу заковати ҷомеа нақши муҳим ва ҳалкунанда гузошта меояд.

Филиали «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар вилояти Суғд дар асоси Қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон №109-р аз 09.03.1956 бо номи «Институти такмили ихтисоси муаллимони вилояти Ленинобод» таъсис ёфтааст. Моҳи апрели соли 1962 ба Институт мақоми байниноҳиявӣ ва аз апрели соли 1971 аз нав мақоми вилоятӣ дода шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки муассиса таърихи тӯлонӣ ва бою рангин дошта, он 65 сол инҷониб дар самти такмили малакаи касбии омӯзгорони вилоят саҳми шоиста мегузорад. Омӯзгорону кормандон, ҳайати олимону устодон ва методистони донишкада фаъолияти пурмасъул ва серҷабҳа дошта, муассиса аз оғоз то имрӯз таҳаввулоти зиёди сохторию методӣ ва кадриро паси сар намудааст. Тӯли мавҷудияти ин боргоҳи маърифат аз низоми таълими кабинетӣ ва методӣ то ба низоми фаъолияти кафедравӣ дар мазмун ва муҳтавои фаъолияташ, яъне такмили маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон пайванди ногусастанӣ равшан эҳсос мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри боло бардоштани сатҳу сифати таълим ва марҳила ба марҳила ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохтани мазмун ва моҳияти такмили ихтисос тадбирҳои муҳим рӯи кор омаданд. Ба ибораи дигар, муассисаи такмили ихтисоси вилоят дар раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф нақш ва мавқеи устувори худро дарёфт намуд.

Тӯли зиёда аз панҷ сол аст, ки дар назди филиали Донишкада ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозомӯз” тибқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Боиси зикр аст, ки сафи аъзои ташкилот аз ҳисоби омӯзгорону кормандони соҳибташаббуси филиали Донишкада сол то сол афзоиш ёфта, омӯзгорон ҳамчун пешсафони ҷомеа рисолати касбии худро дар таълиму тарбияи ҷомеа эҳсос ва дарк намуда, дар фаъолияти касбии худ дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҲХДТ-ро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор додаанд.

Маҳз дар партави сиёсати хирадмандона, ташаббусҳои наҷибу бесобиқа ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар филиали Донишкада дар самти татбиқи ҳадафҳои бузург ва оинномавии ҲХДТ тавассути ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассиса корҳои шоиста амалӣ мешаванд. Омӯзгорону устодон ва ҳайати ҷамоатчигии филиали муассиса бахубӣ дарк менамоянд, ки имрӯз кори таълиму тарбияи ҷомеа масъулияти басо ҷиддиро тақозо намуда, ояндаи мамлакат аз маориф ва миллати босавобу бофарҳанг вобастагии зиёд дорад.

Аз ин лиҳоз, на танҳо дар байни ҷомеаи меҳнатии муассиса, балки берун аз он, дар байни шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, омӯзгорон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташвиқи ҳадафҳои меҳварии фаъолияти ҳизби раҳнамои халқ, яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳадафҳо ва самтҳои муҳими бунёдкориҳо ва пешрафти бесобиқаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, беҳдошти сатҳ сифати таълиму тарбия, пешрафти ҷомеа, боло бардоштани фарҳангу маданияти баланди шаҳрвандӣ ва монанди инҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи пешсафони ҳизби муассисаи мо ба ҳисоб меравад.

Имрӯз аз теъдоди умумии 68 нафар кормандони филиали Донишкада 60 нафар аъзои ин ҳизби пешсаф мебошанд, ки 88%-ро ташкил медиҳад. Бо баробари ин, ба сифати қабули аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, сафи ҳизбиёни мо аз ҳисоби олимону устодони филиал ва мутахассисони ҷавон торафт меафзояд. Алҳол дар сафи фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо як нафар профессор, ҳафт нафар номзадони илм, 8 нафар унвонҷӯён, омӯзгорони навовару соҳибтаҷриба ва мутахассисони жавон фаъолияти босамар мебаранд.

Ҳизбиёни муассиса ташкилотчӣ ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва сиёсии миқёси муассиса, ноҳия ва вилоят мебошанд. Дар чорабиниҳои ҳизбии шаҳрию вилоятӣ аъзои ташкилоти ҳизбии мо фаъолона муассисаро намояндагӣ менамоянд. Дар ҷаласаҳои кории ташкилот тибқи нақша масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҷараёни аъзошавӣ ба ҳизб, фаъолияти сиёсию ҷамъиятии ташкилот, барномарезӣ ва иҷроиши ҳадафу нақшаҳои ҷорию дурнамо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. 

Ҳамасола ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ дар филиал ба муносибати иду ҷашнҳои фархунда ба монанди ҷашни Рӯзи модарон, Наврӯзи байналмилалӣ, рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи Конститутсия, рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ ва ғайра, ташаббусҳо баҳри ободию кабудизоркунии муассиса ва гирду атрофи он бо гузаронидани ҳашару шанбегиҳо, саҳмгузорӣ дар афзун гардонидани хирмани тиллои сафеди ватан, муназзам ба роҳ мондани корҳои тарғиботию фаҳмонидадиҳии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва Барномаи амалии ҲХДТ байни мардум ва ҷомеаҳои омӯзгорӣ намунаи равшани гуфтаҳои болоянд.

Зиёиёни кишвар – омӯзгорон имрӯз чун ганҷинаи бебаҳои моликияти зеҳнии миллату давлат дар роҳи тақвияти тафаккури созандаи ҷомеа ва бунёди давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо фаъолияти ибратбахшу созандаи худ ва пешоҳангӣ дар соҳаҳои илму маориф масъулияти беш аз пеш бар дӯш дошта, дар ин самт собитқадам кору фаъолият доранд. Бинобар ин, дар раванди рушду такомули серҷабҳаи соҳаи таълиму тарбияи насли наврас ва умуман ҷомеа нақш ва мақоми омӯзгорон басо муҳим арзёбӣ гардида, пайваста боло бардоштани мақом ва мартабаи омӯзгор дар ҷомеа аз фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятии омӯзгорон вобастагии зич дорад. 

Филиали Донишкадаи такмили ихтисоси вилоят бо вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру тармими муассиса, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, кадрӣ ва илмию методии филиал дар истиқболи сазовори ин ҷашни фархунда саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Муҳаммад Исомаддинзода,

Директори Филиали «Донишкадаи

ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва

бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»

дар вилояти Суғд номзади илмҳои

химия, дотсент, раиси ташкилоти

ибтидоии ҲХДТ “Бозомӯз”