Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Рушди Тоҷикистон" таъсис ёфт

2023-02-09

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Бонки рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Қурбонзода Убайдулло, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарияти муассиса иштирок намуданд. Шарифов Парвиз, директори муассиса маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Идомаи маҷлисро Қурбонзода Убайдулло пеш бурда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ҳамчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб дар Бонки рушди Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва он “Рушди Тоҷикистон” номгузорӣ карда шуд.

Дар идома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди Тоҷикистон” Шарифов Парвиз Одилшоевич интихоб гардид.

Мувофиқи баррасии рӯзномаи маҷлис кормандони Бонки рушди Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.