Паёми Пешвои миллат-ҳуҷҷати тақдирсози миллат

2023-02-09

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов вохӯрии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф бо роҳбарону кормандони муассисаҳои табъу нашр ва матбуоти тобеи вазорат вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Мирализода Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбеков Садриддин, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳҳобзода ва раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён иштирок доштанд.

Нахуст, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Мирализода Раҳмоналӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, атрофи масъалаҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.

Сипас, Муовини вазир фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки “Боиси сарфарозию сарбаландии мо мардуми тоҷик аст, ки ҳамасола Паёми сарнавиштсози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар ироа мегардад, ки ҳуҷҷати тақдирсозу дастурамали кору зиндагии мо соҳибватанон мебошад. Ҳар як сухани Пешвои миллат муқаддасу азиз аст, зеро ин миллати сарсону овораро сарҷамъ карду ин ватанро ба маънии томаш Ватан кард. Ӯ эҳёгари Тоҷикистони навин аст, сулҳофарину ваҳдатгарост. Бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат имрӯз мо ваҳдат, сулҳу амонии пойдор дар Ватан дорем. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат ҳама соҳаҳои кишвар ба таври мухтасару амиқ матраҳ гардида, баҳри зиндагии орому осоиштаи мардум равона гардидааст. Ифтихору сарбаландии мо мардуми тоҷик аз он аст, ки чунин Сарвару Роҳбар, ғамхору раҳкушои миллат дорем”.

Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳҳобзода зимни баромади хеш аз муҳаббату садоқат нисбати сарзамини хеш сухан гуфта, қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароӣ яке аз хатарҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, муқобили он бояд муборизаи дастаҷамъона бурд. Аз ҷумла, ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷанги иттилоотиро пешаи кори худ қарор дода, аз боварии динии мардум истифода намуда, ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.

Сипас, раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфта буданд; “Истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи чунин давлату Ҳукумат кунем ва Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.”