Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат

2023-02-09

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хизмати давлатӣ” –и Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии таблиғотӣ бо иштироки Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ ва аъзои ҳизб баргузор гардид.

Мирзозода Иброҳим оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавонон ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хизмати давлатӣ” оид ба ҷанбаҳои муҳимми стратегии Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуданд.

Дар ин радиф таъкид гардид, ки нуқтаҳои муҳимми Паёми навбатии Савари давлат ба Парлумони мамалкатро ба инобат гирифта, ба хулоса бояд омад, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.

Дар анҷом ба нафароне, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд. Инчунин, аъзои фаъоли ҳизб барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.