Пешвои миллат – таҷассумгари ҳувияти миллӣ

2023-02-08

Мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати оқилонаву созандаи он кас меҳру самимият ва ихлосу эътиқодашонро иброз медоранд. Ӯ бо ғамхориҳои наҷиби худ ба халқу миллати кишвар бобати гиромидошти хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат дар барқарор намудан ва мустаҳкам кардани пояҳои давлату давлатдории тоҷикон ва ба ин васила шиносоӣ пайдо намудани мардум ба таърихи халқи тоҷик, ба ҳар як оилаи кишвар тариқи ройгон асари бунёдии Қаҳрамонони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” тақдим намуд.

Президенти маҳбубамон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандустиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бо дастуру ҳидоятҳои оқилонаву дурахшононаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров иқдоми навбатии халқпарваронаю ватандӯстонаи Роҳбари олии кишвар маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баҳри таъмини бечунучарои талаботҳои озмун ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллат, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд.

Ҳизбиёни ноҳия аз баргузории озмуни мазкур руҳу илҳоми тоза гирифта, суҳбату мулоқотҳои худро дар ин самт бо хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон, кормандони фарҳангу санъат, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар оғоз намуданд. Иштирокчиёни он ногузир ва басо саривақтӣ будани баргузории озмуни мазкурро баён намуда, ҷонибдории ҳамаҷонибаи хешро бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он, изҳор намуданд.

Файзизода Каримҷон Нозил,

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ