Тавзеҳи Паём дар ташкилоти ибтидоии “Бобуна”

2023-02-08

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии “Бобуна” бо иштироки Давлатзода Ҳангома, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кабилова М.М., мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Пирмуҳаммадзода Бобоҷон, раиси ташкилоти ибтидоии “Бобуна” вохурӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ маърӯзачиён зикр намуданд, ки дар солҳои охир соҳаи хидматрасонии тиббии кишвар ба азнавсозии заминаҳои ташхисиву табобатӣ, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хидматрасонии ташкилӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобатӣ самт гирифт.

Дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

Дар анҷом ба нафарони нав ба сафи ҳизб шомилшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, фаъолони ташкилоти ибтидоӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.