Ташкилоти нави ҲХДТ “Омӯзгорон” дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфт

2023-02-08

Бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, дар маҳаллаи омӯзгорони ҷамоати шаҳраки Ҳисор, маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

Нахуст, дар маҳаллаи Омӯзгорони ҷамоати шаҳраки Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва “Омӯзгорон” номгузорӣ карда шуд. Сипас, тибқи рӯзномаи маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 15 нафар сокинони маҳалла, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ хоҳиши аъзо шуданро намудаанд, ба узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд.

Дар кори маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии “Омӯзгорон” Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, зикр дошт, ки мардуми шарифи кишвар ҳоло зери таассуроти неки Паёми Роҳбари давлат қарор доранд. Қайд гардид, ки дар Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди кишвар дар марҳилаи кунунӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, дастгирии ҳамдигар, иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, дар умум ҳамаи самтҳо баррасӣ гардида, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ карда шуд.

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалишавии қонунҳо аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд.

Бо назардошти наздик омадани маъракаи даъват ба сафи Артиши миллӣ зикр гардид, ки ҷавононе, ки мехоҳанд пеш аз сафарбар гардидан ба сафи Артиш миллӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шаванд, ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор муроҷиат намоянд.