Таъсиси ташкилоти ибтидоии “Чинорбобо” дар ноҳияи Ашт
2023-02-07

Бо
иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, раиси Шӯрои
собиқадорони Кумитаи иҷроия Мадаминова М, дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт
бо сокинон дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохӯрӣ баргузор
гардид.
Каримзода
Хушнуд Каримӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар оғоз қайд намуд, ки дар ноҳия
аз моҳи майи соли 1998 инҷониб Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб амал менамояд, ки
дар тарғибу ташвиқи ғояҳои он, иҷрои супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
кӯшиш намуда истодааст.
Сипас,
аъзои фаъоли ҲХДТ пешниҳод намуданд, ки баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи
ҳизбамон дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дар назди маҳаллаҳо ва деҳаҳои
ҷамоати деҳоти Ошоба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шаванд.
Бо
пешниҳоди аъзои ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Ошоба ташкилотҳои ибтидои ҲХДТ бо номи
“Чинорбобо” таъсис дода шуд. Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи
“Чинорбобо”-и деҳаи Ошоба Омолохонова К.Н., муовин ва котиби раиси ташкилоти
ибтидоӣ Омолохонов М., Сотиболтиева Ш.К. интихоб карда шуданд.
Дар
идома, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Каримзода Хушнуд Каримӣ суханронӣ
намуда, арзёбӣ кард, ки имрӯз дар ҳаёти сиёсии ноҳия ташкил ёфтани ташкилоти
ибтидоии ҲХДТ шаҳодат аз он аст, ки ҳизбиёни муассисаҳои таълимӣ ва деҳаю
маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ошоба аз сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд
ва ба ояндаи ҳизбамон бо назари нек нигоҳ мекунанд. Ба ҳар яки мо маълум аст,
ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, барои амалӣ намудани қарорҳои
мақомоти болоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ин рӯ аъзои ҳизби ташкилотҳои
ибтидоиро лозим аст, ки дар гузаронидани корҳои тарғиботӣ, зиёд намудани сафи
ҳизб кӯшиш намоянд.