Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бехатарии озуқаворӣ”

2023-02-07

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бехатарии озуқаворӣ”-и Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Ашурова Дилрабо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Файзуллозода Маҳмадсаид, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб доир гардид.

Ашурова Дилрабо зимни баромади худ, иброз намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Ҳамзамон, Қурбонзода Убайдулло оид ба нуқтаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат дар самти рушди тафаккури инсонӣ, аҳаммияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, аҳаммияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша намуд.