Ҳамкорӣ баҳри зиндагии босаодат

2023-02-07

Гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҷалби онҳо ба донишомӯзӣ, истифодаи тарзи дурусти телефонҳои мобилӣ, риояи Қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, пешгирӣ аз ҳамагуна қонуншиканиҳо ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон ва волидони МТМУ #11 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Ҳамзамон, зимни суҳбат, раиси кумиҷроияи Рӯшон Саидхонова Холиса дар атрофи Паёми пурмуҳтавои Роҳбари давлат ибрози андеша намуда, зикр дошт, ки Паёми навбатӣ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ буда, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Гурӯҳои корӣ пурра аз рӯи масъалаҳои болозикр баромад намуда, аз волидон даъват ба амал оварданд, ки робитаи волидон бо мактаб бояд мустаҳкам бошад ва дар ҳамдастӣ метавон ба зиндагии босаодат рӯ овард.