Паёми умедбахш

2023-02-06

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии таблиғотии ҳизбиёни шаҳри Панҷакент дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тоҷик суғурта" доир гардид.

Дар оғоз мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мутрибов Алишер баромад намуда, роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паём ва масъалаҳои рӯз, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, рушд ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди тафаккури инсонӣ, аҳаммияти ҷиддӣ додан ба тарбияти фарзандон, омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аҳаммияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша кард.

Дар идома мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ" Созандагони Ватан" –и Кумитаи иҷроия Ҷалолов Қобилҷон ақидаҳои худро оид ба нуктаҳои меҳварии Паём, таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва дӯст доштани ҳар порча хоки ватани аҷдодиямон Тоҷикистони азиз иброз намуд.

Ҳизбиёни шаҳр Паёми Пешвои миллатро дастурамали кории худ намуда, баҳри шарҳу тавзеҳи он ҳамарӯза дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ мондаанд.