Тавзеҳи Паём дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рашт

2023-02-06

Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҳамватан пайғоми пурифтихори насли имрӯз ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паём дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия Рашт бо иштироки Раиси ноҳия Муқимӣ Р.Н., роҳбарони сохторҳои қудратӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои МИҲД бо мардуми маҳал суҳбату мулоқотҳо ороста шуд.

Дар партави Паём Раиси ноҳияи Рашт ҷиҳати корҳои ободонию созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таваҷҷуҳпазирӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ баромад намуда, ба мардуми маҳал ҷиҳати дастгирии соҳибкорон дар бунёди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаҳо изҳори сипос намуд. Сардори РВКДҶТ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Саидзода М.Б., сардори РКДАМҶТ оид ба гурӯҳҳои ноҳияи Рашт Заробов Р.С., Прокурори ноҳия Кишварзода А.Г., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Идизода З.Ф. оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар – Ватан, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни мардум, аз таҳсил дур мондани духтарон, робитаи волидайн ба муассисаҳои таълимӣ, пешгирии зўроварӣ дар оила ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баромадҳо намуданд.

Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт истиқболи самимӣ аз Паём бинмуда, ташаббусҳои созандаи худро дар партави супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ, аз нав намудани симчўбҳо ва ноқилҳои барқӣ дар деҳаҳои дурдаст, таъмири роҳҳо, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, таваҷҷуҳпазирӣ ҷиҳати иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён намуданд.