Вохӯриҳои судманд оид ба масъалаҳои мубрами рӯз

2023-01-31

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо МИҲД-и ноҳия, дар асоси нақшаи кории КИН тасмим гирифтанд, ки вобаста ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ байни падару модарон, хонандагон, омӯзгорони муассисаи таълимии №5 ҷамоати деҳоти Меҳробод, сокинони касбу кори гуногун ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрии судманд доир намоянд.

Дар вохӯрӣ раиси КИН Каримзода Хушнуд Каримӣ, раиси Шӯрои собиқадорони КИН Мадаминова М. ва директори маркази хизматрасонӣ-иҷтимоии МИҲД-и ноҳияи Ашт Камол Самиев иштирок намуда, оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули соҳаҳои маорифу тандурустӣ, вазъи сиёсии сайёра, зуҳури таҳдидҳои ҷиддӣ аз қабили терроризми байналмилалӣ, ки дар Паём ироа гардидаанд, изҳори назар карданд.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу башарӣ бетарафӣ зоҳир нанамуда,  ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд. Ҳамчунин, омӯзгорон ва волидонро низ таъкид карданд, ки бояд фарзандонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Зикр гардид, ки аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлолии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таъкид менамуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеъан, ҳамин ягона роҳе ҳаст, ки метавонад ниёзҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро амалӣ созад. Илова бар ин, Пешвои муаззами миллат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон фаъолияти назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам оварданд. Дар ин замина, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат даҳҳо асарҳо таълиф гардидаанд, ки имрӯзҳо ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд.

Дар охир якчанд нафар хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонон ваъда доданд, ки пас аз хатми мактаби миёна ва муассисаҳои олӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳифзи марзу буми кишвар ҳиссаи сазовори худро мегузоранд.