Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” Паём тавзеҳ ёфт

2023-01-31

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси умумӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Иброҳимзода Зафаршо, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” ва аъзои ҳизб доир гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос”, тасдиқи нақшаи фаъолияти ташкилот барои соли 2023 баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Иброҳимзода Зафаршо, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос» дар соли 2022 гузориш манзур намуд. Ҳамзамон, тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.

Оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷаев Шералӣ Раҷабович, намояндаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” дар робита ба ҳадафҳои муҳимми стратегии мамлакат андешаронӣ намуд.

Дар идома Мирзозода И.Х зимни суханронии худ, қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” дар нигоҳдошт ва тарғибу ташвиқи осори гаронбаҳои миллии халқи тоҷик саҳми бузург дошта, онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки умедворем, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бостоншинос» бо аъзои садоқатпешаи худ ҳамеша бо ҳамдастии масъулини ҳизб дар ноҳия, шаҳр ва кишвари азизамон Тоҷикистони дар татбиқи ин ҳадафҳои неку бемисл мекушад.

Дар анҷом, ба нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, ҳамазамон, якчанд фаъолони ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.