Идомаи шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

2023-01-30

Санаи 30-уми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Давлатзода Дилмурод, Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия”-и Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.

Сараввал, Давлатзода Дилмурод, Раиси ташкилоти ибтидоии “Хайрия”, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли сипаригардидаи 2022 ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар музокира аъзои фаъоли ҲХДТ баромад карда, ҳисоботро қаноатбахш арёбӣ намуданд.

Зимни суханронӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Кабилова Марҷона бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

Бояд зикр дошт, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд. Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.