Дар партави Паёми Пешвои миллат ин ватанро мардонавор муҳофизат менамоем

2023-01-30

Оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба маҷлиси Олии мамлакат, бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, дар қисми ҳарбии 13483-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, вохӯрии судманд бо афсарону сарбозон баргузор гардид.

 Зимни вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки имрӯзҳо таваҷуҳи давлату Ҳукумат, асосан Пешвои миллат барои мустаҳкам кардани заминаҳои Кувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хеле назаррас буда, бунёди қисмҳои ҳарбӣ бо тамоми шароити корӣ бозгуи гуфтаҳои болост. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ба ҳалқу ватани худ содиқона хизмат намоем.

Дар идомаи вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худдорӣ аз амалҳои ифротӣ ва тақвият додани зиракии сиёсӣ андешаҳои ҷолиб сурат гирифта, нақши ҷавонон дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ махсус арзёбӣ гардид.

Дар интиҳо зикр гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои фаъолият дар соли оянда ба ҳисоб меравад ва ба таъкиди пайвастаи Роҳбари давлат: “танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем”.