Соли 2023 соли ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

2023-01-30

Санаи 26 январи соли 2023, бо супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Асадулло Раҳмон ва муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом доданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити корӣ барои сохторҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб, тариқи ба роҳ мондани корҳои дастаҷамъона, ҳашарҳо биноҳои маъмурии ҳизбӣ иборат аз ду ва се ошёна бо тарзу услуби муосир дар муддатҳои кўтоҳ сохта ба истифода дода мешаванд. Корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби ҶДММ «Абрис»-ба роҳ монда шуда, ин омил имконият медиҳад, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи корҳои сохтмонию васлгарӣ бо ҷойҳои муваққатии корӣ, ҷойи хоб ва маоши арзанда таъмин карда шаванд.

Биноҳои маъмурии Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 2 ва 3 ошёна, таҳхона иборат буда, он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон бунёд мешаванд.

Дар ошёнаҳои бино ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва шуъбаи бойгонӣ, ҳамзамон, бунёди китобхона, толори маҷлисгоҳ барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо, қабулгоҳи ҷамъиятӣ бо тарҳи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар чунин шароит кормандону мутахассисон метавонанд донишу малакаи худро бо мутолеаи китоб боз ҳам такмил диҳанд.  

Биноҳои маъмурии замонавӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити арзандаи корӣ ва пешбурди фаъолияти назарраси кормандон бо дастгирии Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар макони мувофиқ ва тарҳи зебо бунёд шуда, ҳуҷраҳои кории он бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Боиси тазаккур аст, ки рисолат ва моҳияти ҳизб рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, он барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон талош менамояд. Дар ин асос, вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа буда, ин ниҳод дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд мегузорад.