Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- нақшаест барои пешравӣ

2023-01-27

Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ натанҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, хувияти имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ бо талошу ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ислоҳоти муҳим ва ҳадафманди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигаргуниҳои муҳимме рӯи кор омада, омили асосии рушди пайваста ва босуръати ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони муосир гардиданд.

Андешаҳои бунёдкорона, созанда ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо, гузориш ва паёмҳои солона хеле муассир баён мегарданд.

Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуктаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.

Дар Паёми имсолаи худ Пешвои маҳбуби миллат бори дигар ёдовар аз он шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки: “Рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар панҷ соли охир аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар давраи зикргардида сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.”

Албатта, нишондодҳои зерин аз пешрафти бесобиқаи соҳаи иқтисоди мамлакат шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагонии сокинони мамлакат ба маротиб беҳтар гардид. Бояд зикр намуд, ки танҳо дар панҷ соли охир барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Инчунин дар ҳамин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар Паёми навбатӣ зикр гардид, ки дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба соҳаи маориф ва нақши омӯзгор дар ҷомеаи имрӯзаи мо иброз намуданд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.”

Дар ҷойи дигар дар Паём зикр шуд, ки: “Пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Воқеан бесабаб нест, ки Роҳбари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф ва илм ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расиданд ва дар муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассир доранд.

Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз музаффариятҳои соли 2022 ва умуман 31 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми хоҷагии халқ муайян намуд.

Дар охир Президенти мамлакат ба ҳама шаҳрвандони хурду бузурги мамлакат падарона таъкид ва насиҳат кард, ки ҳамаи мо бояд ватандӯсти асил бошем ва Ватанро дӯст дорем.

Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович,

муовини раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон