Паёми Пешвои миллат беҳбуд барои зиндагии шоистаи мардум

2023-01-26

Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ашт вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохурӣ раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Одирматов Беҳрӯз вобаста ба беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат ва дигар масъалаҳое, ки дар Паём ироа гардида буд, изҳори назар карданд.

Инчунин, зикр карда шуд, ки дар Паём бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур инъикос ёфта, моро месазад, дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан намуда, барои таъмини шароити арзандаи хеш кушиш намоем.

Сарвари давлат ишора намуданд, ки ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда ва вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ мушаххас гардиданд, пеш аз ҳама таъмини пешрафти иқтисодиёт, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Амалӣ намудани ин нақшаҳои наҷибу созанда аз ҳар як сокини Тоҷикистон масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстиро баҳри шукуфоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллатро амиқ омӯзем, таҳлил намоем ва онро чун барнома, роҳнамои кору фаъолияти худ қарор дода, дар тадбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, ҳиссагузор бошем.