Сада-ҷашни аҷдодӣ

2023-01-26

Ҷашни Сада пеш аз фарорасии Навруз бузургтарин иди суннатии тоҷикон мебошад. Сада чун оини меҳрпарастӣ асосан, пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. Сада бошукӯҳтарин ҷашни аҷдодӣ буда, паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният-оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири ҷашни Сада меафрӯзанду дар мазоре, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд.

Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки вожаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Ҷашни мазкур сад рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосили ғаллагиҳои тезрас истиқбол гирифта мешавад. Ва боз оварда шудааст, ки миёни Сада ва Навруз 50 шабонарӯз мебошад. Бо назардошти ин, ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешавад. Сада, Сада, Сад ба ғалла ва панҷоҳ ба Наврӯз.

Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки асоси ҷашни Садаро афрӯхтани гулханҳои хурду калон ташкил намуда, дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамоянд.

Паррандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс буда, он шабзиндадорӣ намуда, мардумро аз дамидани рӯшноӣ ва фуруғи хуршед хабар медод. Сада муждарасон аз ҷашни Наврӯз аст.

Мо миллати тоҷик ифтихорманд аз онем, ки фарҳанги воло ва таърихи пурғановат дорем. Бо сиёсати дурандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои аҷдодӣ ва фарҳанги қариб ба фаромӯшӣ рафтаи мо аз сари нав эҳё гардиданд. Ва бо шарофати Сарвари давлат Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуда, дар тамоми ҷаҳон бо як забон, забони ноби тоҷики "Наврӯз муборак бод" садо медиҳад, ки ин ифтихор аз забондорию фарҳангдорӣ ва давлатдории мо тоҷикон дарак медиҳад.

Аз ин рӯ ҳар яки моро месазад, ки бо ин миллат бо ин ватан ҳамеша ифтихор кунем ва ҳанӯз ҳам ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки мо тоҷикем ва бо Тоҷикистон зиндаем.

Омад-омад Сада муборак бошад ҳамватанони азиз!

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон