Паёми Пешво – раҳнамо барои фардои дурахшон

2023-01-26

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 бо иштироки Ашурова Дилрабо, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Наботов Шукрулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, омӯзиши Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар раванди рушди босуръати кишвар, татбиқи ҳадафҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум вохӯрӣ доир гардид.

Зимни суханронии худ Ашурова Дилрабо, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қайд намуд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон, барои муаррифии шоистаи амалҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Ҳамин тариқ, ба инобат гирифтану сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми соли 2022 ироа гардиданд, кафили суботу оромӣ ва ифодагару дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои дар Паём ироа гардида кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.